БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Яке аз ташаббусҳои беназири Пешвои миллат эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ мебошад

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати истиқболи сазовор намудан аз Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Сарой-Камари ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ роҳандозӣ гардид.

Чорабинӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумии маҳалла, аз қабили сӯзанӣ, қӯроқдӯзӣ, болишту девориҳои чакандӯзӣ, дастбанду побандаки гаҳвора ва намудҳои гуногунӣ хӯрокиҳои милливу ва анвои нонӣ ба намоиш гузошта шуда буданд, оғоз гардид.  Меҳмонон, аз намоишгоҳ дидан намуда, оид ба таърихи ҳар як маҳсулоти ба намоиш гузошташуда, сӯҳбат намуданд.

Пас дидан намудани намоишгоҳ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия Файзиев Каримҷон чорабинии сиёсиро ифтитоҳ намуда, ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот  бо мардум ва ҷалби васеи сокинон дар амалӣ  намудани ҳадафу мақсадҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон  соли 2018  Соли робита бо маҳал  эълон карда шудааст, суханронӣ намуд. Ҳамзамон оиди эҳё намудани хунарҳои қадимаи ниёгон ва рушди соҳаи сайёҳӣ андешаронӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки ба он ташаккули фарҳанги техникӣ,  мубориза алайҳи нашъамандӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарбияи ватандӯсти ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, сухан рафт. Масъулини Кумитаи иҷроия  ин солро фаромӯшнашаванда хонда, соли таърихӣ номиданд.

Ҷавобан, раиси маҳаллаи Сарой-Камар Куганов Абдураҳим баромад намуда, барои иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннадорӣ намуда, бо боварии комил баён намуд, ки дар созандагию бунёдкории маҳаллаҳаашон  ҳамаҷониба  саҳмгузор мешаванд.

Дар охир 10 нафар сокинони маҳал дар вазъияти тантанавор ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул шуда, ба ташкилоти ибтидоии “Панҷрӯд” шомил гардиданд.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg