БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ –тарғибгару эҳёкунандаи ҳунарҳои миллӣ

НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  дар ташкилотҳои ибтидоии  “Туғмазор” ва “Сари Гузар”-и ҷамоати деҳоти Дуконӣ чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ вобаста ба Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин ҷиҳати расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба аҳолии деҳаҳои номбурда бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Сайдалӣ Одилов ва Аслиябону Сафарова, инчунин   кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Ғафурзода Фирдас, Муслима Ғуриева доир гардид.

Чорабинии мазкурро вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Сайдалӣ Одилов ва Ғафурзода Фирдавс бо аз назаргузаронии намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба ҳунармандони деҳаи мазкур, ки ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ машғуланд як ҷаҳон таҳсину офарин хонданд. Чунки дар чорабинии мазкур тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии хоси мардуми тамаддунофари тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд, ки фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ менамуд.

Зимни суханронӣ мудири  шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар шаҳри Норак Фирдавс Ғафурзода  дар доираи рушду тараққиёт, созандагиву бунёдкорӣ,  нақши бузурги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷабҳаҳои хоҷагии халқ ёдоварӣ карда, аз ҳозирин баҳри тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат,  боз ҳам ободтару зеботар гардидани ҳар як гӯшаи диёр ва саҳмгузорӣ барои ояндаи дурахшони Ватани азизамон  даъват ба амал оварданд.

Бояд қайд намуд, ки дар чорабинии мазкур санъаткорони  ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” бо садои маҳбубу сурудҳои дилнишини худ мардумро болидахотир намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg