БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нақши омӯзгор дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон ниҳоят бузург аст

МӮЪМИНОБОД. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод дар бинои  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и  ноҳияи  Мӯъминобод бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи  ХХДТ дар ноҳия Мирзобаротзода Салоҳиддин бо  омӯзгорон ва роҳбарони созмонҳои талабагии муассисаҳои таълимии ҷамоати шаҳраки Мӯъминобод хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб доир гардид.  

Зимнан Салоҳиддин Мирзобаротзода  иштирокдоронро бо  барномаи вохӯрӣ  шинос карда, дар бораи тарбияи  дурусти ҷавонону наврасон, дар замири онҳо ҷо кардани  ҳиссӣ ватандӯстӣ, содиқ будан ба халқу миллат,  ташаккули мафкураи сиёсӣ, ҳидояти  ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ҳамчун мактаби ҷасорату  мардонагӣ ва қарзи фарзандии  ҳар як  ҷавон, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баремоянд, андешаронӣ намуд.

Инчунин, дар идома мавсуф дар бораи моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва  ба фаъолият оғоз кардани чархаи якуми НОБ-и Роғунҳарф зада, ҳамагонро ба корҳои созандагиву ободонӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ ва сарфаҷӯёна  истифода бурдани нерӯибарқ, пардохти саривақтии маблағи он раҳнамоӣ кард.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg