ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дармон” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ваҳобиддин Абдуллоев иштирок дошта, доир ба таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии никоҳи хешу таборӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятии ВНМО, муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок дар ҷомеа, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, агрегати якуми НБО-и Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд ва н, ҳадафҳои барномавии он фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошт.
Дар ин раванд мавсуф моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-роба ҳамагон фаҳмонида,аз онҳо даъват ба амал овард, ки роҳандозии Аксияи ҳизбӣба манфиати халқ буда, дар ҳалли мушкилотиҷойдоштаи маҳали зист мусоидат хоҳад кард.