БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикон дар ҳунару ҳунармандӣ мӯъҷизаофаранд

ЁВОН. Бо мақсади тақвият додани дастуру супориш ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудааст, дар кӯчаи марказии ҷамоати шаҳраки Ёвон бо ташаббуси ташкилотҳои ибтидоии “Сулҳ” ва “Дӯстӣ-2” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур и.в. муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҷов М. ва муовини раиси Ҷамоати шаҷраки Ёвон Ашӯрова Н. роҷеъ ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, иштироки фаъолона дар баргузории корҳои таблиғотию ташвиқотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, саҳм доштан дар корҳои ободонию созандагии маҳал, риояи қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон, эҳтироми шавҳар ва калонсол, даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ғайра суҳбатҳои муфид намуданд.

Занону бонувони ҳунарманду чирадасти кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзодаи ҷамоати шаҳраки Ёвон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg