ДӮСТӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ тибқи ҷадвали машғулиятҳои курси бозомӯзӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид.
Дар баргузории курси бозомӯзӣ намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Ҳамидиён Илҳомҷон мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Шоҳиниён Абдураҳим Маҳмадулло мудири бахши бақайдгирии кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Наимов Маҳмадулло мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Дар қисмати аввали курси бозомӯзӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар саҳни бинои Маркази ҷавонони ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби сокинони маҳал ба маърази намоиш гузошта шудан, ки аз ин намоишгоҳ ҳамагон дидан карда, ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.
Баъдан дар толори бошукӯҳи Маркази ҷавонон курси бозомӯзӣ ба кори худ оғоз бахшида, дар он вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуданд.
Зимнан курси бозомӯзиро и.в. раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Курбонов Абдулҳафиз ҳусни оғ бахшида, мақсади ҷамъомадро ба ҳамагон фаҳмонид.
Сипас, узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол ҳайати ҳамагонро ба муносибати 24-умин солгарди таъсиёбии ҲХДТ табрику муборакбод гуфта, аз таърих ва хизматҳои беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар ташкили ин ҳизби пешоҳангӣ ҷомеа ёдоварӣ намуд.
Инчунин, ҳайати намояндагони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ тибқи Барномаи курси бозомӯзӣ дар байни иштирокчиён маърӯзаҳои ҳизбиро пешниҳод намуда, шунавандагонро аз моҳияти ҳизб, ҳадафҳои созанда ва пешбарандаи сиёсати одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар намуданд.
Дар охир иштирокдорони курси бозомӯзӣ баҳри баргузории чунин иқдоми бомаврид изҳори сипос карданд.