ДАНҒАРА. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ”-и ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба бакамолрасии мутахассисони замони нав дар доираи мафҳумӣ рақобатпазирии касбӣ ва тахассусӣ дар бозори озоди меҳнат, шуғли пурмаҳсул, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, таҷрибаҳои бузурги менеҷменти давлатҳои пешрафта зимни омоданамоии мутхассисони сатҳан касбӣ, риояи қонунҳои миллӣ, дастаҷамъона саҳмгузорӣ дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ, саҳмгузорӣ дар коҳиш додани сатҳи қонуншиканиҳо ва ҷинояткорӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, ҷиҳати дар сатҳи сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.