
ВОСЕЪ. Бо мақсади сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёӽӣ ва ӽунарӽои мардумӣ дар кӯчаи ба номи А. Сино1-и ҷамоати шаӽраки Ӽулбук намоиши ӽнарӽои мардумӣ баргузор гардид.
Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Сафарова Ӽафиза, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Гулрухсор Мирзоева, инчунин раиси ҷамоати мазкур Гулмадова Амина иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин атрофи самтӽои афзалиятноки фаъолияти ӽизбӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки эълон гардидани Соли рушди сайёӽӣ ва ӽунарӽои мардумӣ барои муаррифӣ намудани меӽнат ва заӽмати мардуми ӽунарманди тоҷик ва дар баробари ин ӽавасманд гардонидани ҷавонону наврасон барои омȳхтани ӽунарӽои ниёгонамон мусоидат намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки халқи тоҷикро маҳз аз рӯйи ҳунарҳои доштаашон дар байни дигар миллату халқиятҳо, ҳамчун мардуми дорои тамаддуни хос мешиносанду эътироф мекунанд. Ин эҳтиром бештар ба занон марбут аст, зеро бештари маҳсулот дар шароити хона бо дастони назокатбори занону бонувон омода мешаванд. Аз ин рӯ, ҳунармандонро мебояд ӽунари хешро сайқал дода, ба ҷавонону наврасон омȳзонанд.