БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табиати зебо мояи ифтихори одамият аст

ВАХШ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти «20- солагии Истиқлолияти давлатӣ»  тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъоляти ҲХДТ дар мавзӯъи «Табиати зебо мояи ифтихори одамият аст» вохӯрии судманд доир карданд.

Дар вохӯрии мазкур раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон  иштирок ва суханронӣ намуда, иброз дошт, ки инсоният дар кадом ҳолате , ки набошад дар куҷое, ки зиндагӣ кунад чи хурду чи бузург ба табиат ва ҳастиҳои он эҳтиёҷ дорад. Бе ҳастии табиат ҳаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, зеро ҳастии ҳар як ҷисми зинда ба об, хок, боду ҳаво, гулу гиёҳ, набототу ҳайвонот ва растаниҳо сахт алоқаманд аст. Сарватҳои зеризаминӣ низ яке аз захираҳои бузурги табиатанд, ки инсоният пайваста аз онҳо истифода мебараду ҳаёти хешро рангину нуртароват мегардонад.Гулу гиёҳҳо, ки ҳамагӣ дар ҳолатҳои гуногун ҳамчун манбаи дору истифода мешаванд, аз ҳастиҳои табиатанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg