БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Асоси фаъолияти ҲХДТ ҳимояи манфиатҳои халқ аст!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки Алиев Зафар-мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва мудири бахши ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Нуруллоев Саъдулло бо аҳли кормандони муассисаи таълимии №50-и ноҳия таҳти шиори «Асоси фаъолияти ҳизбиён ҳимояи манфиатҳои халқ аст!» мулоқот намуданд.

Нахуст, Алиев Зафар, баромад намуда, оид ба ҷашни пурифтихори 24-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, қайд намуд, ки марому мақсади ҲХДТ – барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагию бунёдкорӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст. Дигар нотиқон қайд доштанд, ки дар ин радиф асоси фаъолияти ҳизбиён ҳимояи манфиатҳои халқ мебошад.

Дар анҷоми чорабинӣ ба 14 –нафар кормандон, ки барои аъзошавӣ ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд дар вазъияти тантанавӣ билетҳои ҳизби супорида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg