БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳтироми муққадасоти миллӣ эҳтиром ба давлату миллат аст

А.ҶОМӢ. Дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии «Умед»-и маҳаллаи Телмони ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Самадзода Саёҳат мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, Мирзоев Х, мудири шуъбаи таблиѓот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ва Саидова Рӯзигул вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба ҳадафҳои Оиномавӣ ва Барномавии ҲХДТ, дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла дар бораи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муққадасоти миллӣ, эҳтироми калонсолон, илмомӯзӣ вадаъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳои террористиву экстремистӣ, роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба монанди ВНМО суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар идома  моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣтаҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ба иштирокдорон фаҳмонида шуда, аз онҳо даъватба амал оварда шуд, кион маблағхое, ки сарфу харҷи беҳуда дар тӯйю маъракаҳои хурсандиву азодориро дар ҳал намудани мушкилоти ҷойдоштаи маҳали зист  истифода баранд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg