БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад…

ВАХШ. Дар толори маҷлисгоҳи муаиссисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Вахш курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар мавзӯъи «Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ» бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии хизбӣ, вакилони Мачлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия  баргузор гардид. 

Сараввал дар назди ҳозирин мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло дар мавзӯъи «Тадбиқи қарорҳои Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва амалигардонии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ» баромад намуда, доир ба тартиби амалигардонии қарорҳои мақомоти болоии ҳизб, ваколатҳои сохторҳои сатҳи гуногуни ҳизб, тартиби қабул ба сафи ҲХДТ, таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ оид ба ҳаракати аъзои ҳизб суханронӣ намуд.

Сипас, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии Дасгоҳи КИМ ҲХДТ Наимов Маҳмадулло дар бораи «Кадрҳо меҳвари рушд ва устувории давлат» сухан гуфта, таъкид намуд, ки кормандони ташкилотҳои ҳизбӣ аз ҳисоби кадрҳои дорои донишҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва аз равандҳои сиёсии муосир огоҳ сохта,  интихоб карда шаванд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дасгоҳи КИМ ҲХДТ Ҳамидиён Илҳомҷон доир ба «Тарзу услуби замонавии таблиғу ташвиқ бо истифода аз технологияҳои муосири электронӣ ва истифодаи самарабахши ВАО дар маъракаҳои сиёсӣ» баромад намуда, қайд кард, ки дар замони бархурди манфиатҳои сиёсӣ дар майдони беканори иттилоот пеш аз ҳама тарзи дуруст ва самаранок истифодабарии шабакаҳои интернетӣ, интихоби мавзӯъи муносиб ва саривқкт расонидани иттлооти лозима ба саъми ҷомеа аз самтҳои афзалиятноки  фаъоляти ҲХДТ маҳсуб меёбад.

Дар охир раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ба сухан баромада, таъкид намуд, ки ташкилотҳои ҳизбӣ дар фаъоляти кории худ масъулятшиносӣ  зоҳир намоянд ва  баъди курси бозомӯзии мазкур тартиби коргузориро дар сатҳу сифати нав ба роҳ монанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg