БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИТИНГИ БОМЖҲО ДАР ГЕРМАНИЯ. Ё худ наҳзатиёнро куфри неъмат бехонаву дарбадар кард.

ВОКУНИШ. Ахиран кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки ҳамон наҳзатиҳои лаънатианд чор кӯдакро пеш андохта, санаи 10 декабри соли ҷорӣ бо ҷорзаниҳои зиёд дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ба ном «ҳамоиш» доир кард. Натиҷаи «ҳамоиш» чун дигар ҳамоишҳо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ собит сохт, ки ба ҷуз 30 нафар, ҳамаи он ҳам бо аҳлу байт ва расмҳои гирифтаашон дигар касе аз пушти 5-6 асолатбохта нарафт. Аз шумораи зиёди автобусҳои замонавии аврупоӣ кас гумон мекард, ки кӯчаю майдонҳои Олмон ин гумроҳонро намебарад. Вале, гумони ботил банамоишгузории автобусҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ як ҳамлаи иттилоотӣ боқӣ монду ҳалос.

Яъне, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Аврупо кору зиндагӣ доранд, дунболи ин фаромӯшшудаҳо ва фанатизми динӣ нарафт.

Ҳайфатон боднаҳзатиҳо, ки ба корҳои дуруғину манфуронаатон фарзандону кӯдакони хурдсолатонро ҷалб месозед!? Магар рисолати падару модарӣ ҳамин аст? Куҷо мемонад он фарҳанги тарбиятгарии тоҷикӣ, гарчанде ки шумо аз тоҷик буданатон фаромӯш сохтаед! Оре, агар шумо аз тоҷик будан ифтихор медоштед, ҳеҷ гоҳ сари ин миллату давлат хиёнат намекардед.

Медонед чӣ! Аз офтобпараст пурсиданд, ки барои чӣ шомгоҳон гардани худро хам месозӣ! Офтобпараст гуфт: намехоҳам бо нигоҳ кардан ба чашмакзании ситораҳо ба Офтоб хиёнат кунам.

Дар зимн, ин ҳамоишашон маълум кард, ки наҳзатиён дар Аврупо ба бомж табдил ёфтаанд. Аз шаклу шамоилу шиками гурусна ва либосҳои нимдошташон инро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ҳақиқат фаҳмида истодаанд, ки Кабирӣ онҳоро дониста дар ҳоли нимгуруснагӣ қарор дода, худаш кайфу сафо мекунад ва ин бехирадон онҷо маҷбур побанд мондаанд. Аз ин рӯ сафашон рӯз аз рӯз кам гашта истодааст.

Аз сӯи дигар, ин ношукрҳоро Худо задааст. Зеро ба хонаву дари обод ва кишвари орому осуда шукр накарда, хиёнат карданд. Ҳоли ин бомжҳо аз ин ҳам бадтар мешавад.

Шумо ба сарзамине, ки аз домони модар рӯи он афтидед хиёнат кардед. Хиёнат ба Модар-Ватан гаронтарин гуноҳ назди Худову бандагон аст.

Ҳар шахсе, ки ҷиноят кард бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Ё дар Аврупо ҷинояткоронро ҷазо намедиҳанд? Аз се-чор ҷинояткор мисоли худатон ба истилоҳ «қаҳрамон» сохтан рисолати инсон буданатонро зери суол мебарад. Зеро маҳдуд кардани ҳуқуқи амалдории як шахс ба хотири ҳимоя ва таъмини амнияти дигар шаҳрвандон аст, ки дар дилхоҳ давлат дар доираи қавоини давлатдорӣ амалӣ мегардад.

Ин ниятҳои разилона аллакай ба хотири гирифтани мақоми паноҳандагӣ дар ниҳодҳои зидахли давлатҳои Аврупо исботи худро ёфтааст. Амалҳои ноҷуру хиёнаткоронаи шуморо ҳам дар дохилу ҳам дар хориҷӣ Тоҷикистон ҳама бармало эҳсос кардаанд. Ва мерасад рӯзе, ки аҳли «паймон» бо 3-4 шиори ҳангомаҷӯёна дар кӯчаҳои Аврупо тани танҳо мемонед. Зеро, заволи «паймон» дар доираи шаклгирии сиёсати дуруғини наҳзатӣ наздик аст.

 Ҳусейнзода Наврӯз

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg