Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Тропикӣ» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хониши сиёӣ доир намуданд.
Дар хониши сиёсӣ Асақолов Алиҷон- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва Неъматов Абдулҷаббор- мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия иштирок дошта, дар бораи Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ба истифода додани якумин чархаи Нерӯгоҳи барқи Обии Роғун ва Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» андешаҳои хешро баён дошта, қайд карданд, ки хамагон бояд донанд, ки арзиши об аз нафт, газ, ангишт ва сарватҳои дигари табиӣ барои ояндаи устувори мамлакат ва минтақаву ҷаҳон камтар аст.