ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади амалигардонии ҷадвали вохӯриву суҳбатҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаҳо дар ташкилоти ибтидоии «МНДСЭ»-и ноҳияи Шахҳритуз хониши сиёсӣ дар мавзӯъи баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Шаропов Ҳомидҷон ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ноҳия Ачилдиев Турдимурод баргузор гардид.
Зимнан Шаропов Ҳомидҷон иштирокдоронро бо Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ - ҳамчун ҳизби созандагиву бунёдкор, ҳизбӣ пешоҳанги ҷомеа, ки дар пешрафту тараққиёт ва таҳкими сулҳу субот нақши бузург дорад, табрику муборакбод гуфта, андешаронӣ намуд.
Баъдан дар бораи яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ мебошад, ҳарф зада, қайд намуд, ки ҳар корманди соҳаи тандурустиро зарур аст, дар ҳифзи солимии ҷомеа, дар байни сокинон бурдани корҳои фаҳмонандадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулиятноки зоҳир намояд.
Дар охир ҳамагон суханрониҳои судманди Шаропов Ҳомидҷонро якдилона дастгирӣ карда, иброз доштанд, ки дастуру супоришҳо Пешвои миллатро баҳри нигоҳдошти сиҳатии омма, пешгирии воридшавии ғизои пастсифат дар маоғозаву бозорҳои истеъмолӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.