БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Офтобе, ки лашкараш нур аст

А.ҶОМӢ. Дар ростои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳайати Самадзода Саёҳат-мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, Мирзоев Х-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ва дигар масъулину ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷиҳати ба истифода додани чархаи аввалини Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» албатта ин маънои онро дорад, ки гармиву рӯшноӣ дар хонадони ҳар яки тоҷикистонӣ боз ҳам бештару арзонӣ хоҳад шуд, имконияти ба корандохтани садҳо корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ муҳайё хоҳад гардид. Барои ҳазорҳо ҳамватанони мо, ки имрӯзҳо дур аз Ватан, дар муҳоҷират барои пайдо кардани қути лоямут кору зиндагӣ мекунанд, шароит ба вуҷуд хоҳад омад, ки дар Тоҷикистони азиз заҳмат бикашанду мулки худро ободу зеботар кунанд ва барои худу фарзандону насли минбаъда ояндаи дурахшон тарбия созем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg