БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташвиқи сокинони маҳал барои арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ

ҶАЙҲУН.Тибқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ оид ба расондани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати деҳоти Истиқлол дар деҳаи Наврӯз Нуров Муҳаммад доир гардид.

Чорабинии мазкурро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода бо аз назаргузаронии намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба ҳунармандони маҳаллаи мазкур, ки ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ машғуланд як ҷаҳон таҳсину офарин хонданд. Чунки дар чорабинӣ тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии хоси мардуми тамаддунофари тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд, ки фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ менамуд.

Дар рафти чорабинӣ Сабурзода Насим дар доираи рушду тараққиёт, созандагиву бунёдкорӣ ва нақши бузурги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаҷабҳаҳои хоҷагии халқ ёдоварӣ карда, аз ҳозирин баҳри боз ҳам ободтару зеботар гардидани ҳар як гӯшаи диёр ва саҳмгузор будан дар тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат даъват ба амал овард.

Бояд қайд кард, ки дар чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ мардуми зиндадили деҳаи Наврӯз ҷамъомада, кӯдакон ба хондани шеърҳо дар васфи Ватан, Модар, Тоҷикистон машғул буданду дигарон зери навои мусиқӣ мерақсиданду меболиданд, ки воқеан фазои ҳизбӣ побарҷо буд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg