БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди соҳаи энергетика омили доими таъмин будани гармиву рӯшнои дар хонадони мост!

Н. ХУСРАВ. Мутобиқи    нақшаи  кории   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар  ташкилоти  ибтидоии  «Шабакаҳои  барқ»-и   ноҳия   бо мақсади амалигардонии Соли тақвияти робита  бо маҳал,  инчунин  бахшида  ба  кор  даромадани    чархи  якуми  Нерӯгоҳи  барқии  обии  Роғун дар  мазӯи «Нерӯгоҳи  Роғун бузургтарин ва  муҳимтарин иншооти  гидроэнергетикии Тоҷикистон» хониши  сиёсӣ  баргузор гардид. 

Вохӯриро раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё ифтитоҳ  намуда  қайд  кард, ки  тамоми мардуми  шарифи  Тоҷикистон бо  як масъулияти  баланд  ва ифтихори  ватандорӣ   ҷиҳати  сазовор истиқбол   гирифтани ҷашнҳои  милии  Тоҷикистон  чораҳои  зарурӣ  андешида, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангиро дар сатҳи баланд   баргузор  намуда  истодаанд.      Сохта  ба  истифода  додани  Нерӯгоҳи  барқии  обии  Роғун  ҳадафи   муҳими  таърихии  миллат  буда,  дар  он  орзуву  ормони  чандсолаҳои   халқи  моро  баҳри    устувории  рушди иқтисодии  давлат, беҳбудии  зиндагии  мардумро   дар  бар  мегирад, афзуд дар идомаи сухан Сураё Алиева.

 Инчунин,  мавсуф   зикр намуд, ки Роғун -ободиву сарсабзии  имрӯзу  фардои  Тоҷикистон, таракқиёти  бесобиқаи  соҳаҳои саноату  кишоварзӣ ва  муҳимтарин аз  ҳама  рӯшноиву гармии  шабонарӯзии  ҳар  хонадони  мардуми  мо  мебошад.

 Баъдан дар вохӯрӣ раиси  ташкилоти ибтидоии   “Шабакаҳои барқ”  вакили  Маҷлиси  вакилони  халқи ноҳия  баромад  намуда  иброз дошт, ки тарҳи  Роғун худ  ин бунёди  тамаддуни  зеризаминӣ  дар  Тоҷикистон  мебошад, ки бо  ғояи  балантарини  муҳандисӣ  ва  иқтисоди  мардуми ҷумҳурӣ бунёд  гардидааст. Вазифаи  ҳар  як  корманди  Шабакаи  барқ ба мардум  фаҳмонидани  моҳияти  самаранок  ва   сариштакорона  иститфода бурдани   қувваи  барқ, роҳ  надодан  ба  хароҷотҳои  беҳуда ва  расидан  ба  истиқлолияти  энергетикӣ  мебошад. 

Ҳамчунин  сари  вақт  пардохт  намудани  маблағҳои  истифодаи  қувваи  барқ аз ҷониби  муштариён низ  вазифаи  аввалиндараҷаи  кормандони  Шабакаҳои  барқ  мебошад.

Ба  саволу  дархостҳои  аъзоёни  ҳизби  ташкилоти  ибтидоии   “Шабакаҳои  барқ”    ҷавобҳои  саҳеҳ гардонида  шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg