БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷират ” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардида, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан ва Исоев Фаррух иштирок намуданд.
Зимнан Асадуллозода Ватан доир ба 24- солагии таъсисёбии ҲХДТ сухан гуфта, қайд намуд, ки ба бахти миллати тоҷик зимоми давлатдорӣ ба дасти шахсияти боирода ва миллатдӯсту ватанпарвар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омад ва ӯ бо вуҷуди ҳама мушкилиҳои замон ва зиддиятҳои мафкуравӣ дар андешаи созмон додани ҳизбе афтод, ки тавонист тавассути он миллатро аз бурҳони амиқи идеологиву сиёсӣ берун созад. Тавре Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар китоби худ таҳти унвони “Бист қадами созанда» бахшида ба 20-солагии таъсисёбии ҲХДТ бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо навиштаанд: “Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро таъсис додем. Мо ба хотири Ваҳдати миллӣ дар сафи ҳизб ҳам коммунистон, ҳам демократҳо, ҳам аъзои Растохезу ҳам диндорон, ҳам фронти ҳалқиву ҳам намояндагони аҳзоби мухталифро пазируфтем. Зеро ғояи аслии ҳизби мо, ки дар давраи ҷангу ҷидол ҳамчун як қувваи сиёсии мӯътадил ба вуҷуд омада буд, ин пеш аз ҳама Ваҳдати миллӣ буд. Мо барои ғояҳои гурӯҳии худ аз ҳадафҳои миллӣ даст кашида наметавонистем. Бо мардум будем, мардум бо мо буд” Дар ҳамин замина мо масъулони ҳизбӣ бояд дарк намоем, ки роҳбарияти давлату ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз мо дар роҳи ватансозӣ умедҳои калон доранд. Мо низ дар навбати худ дар назди халқу давлат масъулияти бузургро ба душ дорем.