БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саҳми Пешвои миллат дар роҳи тайкардаи ҲХДТ беназир аст!

ТЕМУРМАЛИК. Дар деҳаи Гулбулоқи  ҷамоати деҳоти Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинони деҳа  баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ оид ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, 24-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳи пуршарафи тайкардаи он, хизматҳои беназири Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Доир ба масъалаҳоиболозикр  раиси  Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид вакили ҷамоат  Абдураҳмонов Ҳокимшоҳ андешаронӣ карда, ҳамагонро бо таъсисёбии ҲХДТ табрику шодбош гуфтанд.   

 Дар охир   Раҷабзода Маҳмадсаид ба ҷаъмомадагон  изҳори миннатдорӣ баён намуда, дар деҳаи  номбурда  ташкилоти нави ибтидоӣ таъсис дода шуда, раиси он Азимов  Муҳамадмӯъмин интихоб карда шуд.

                                                        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg