БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Асоси фаъолияти ҳизб ҳимояи манфиатҳои халқ аст!

ПАНҶ. Бо иштироки  Файзиев Каримҷон-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ, Шомаҳмадзода Музафар – мудири шуъбаи табилииғот, иттилоот ва матубот ва Атавуллоева Зебунисо- мудири  шуъбаи занон ва ҷавонони кумитаи иҷроия бо  аҳли кормандони муассисаи таълимии №15-и ноҳия таҳти шиори «Асоси фаъолияти ҳизбиён ҳимояи манфиатҳои  халқ аст!» мулоқот роҳандозӣ гардид.

Нахуст, бо сухани ифтитоҳи Файзиев Каримҷон баромад намуда, оид ба ҷашни пурифтихори 24-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, қайд намуд, ки марому мақсади  ҲХДТ – барои  ваҳдати миллӣ,  сулҳу оромӣ, суботи  сиёсӣ, созандагию  бунёдкорӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии  шоистаи мардум нигаронида шудааст. Асоси фаъолияти ҳизбиён ҳимояи манфиатҳои халқ мебошад.

Дар идома Шомаҳмадзода Музафар оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб –хатари терроризму экстремизм ва ифрогароӣ  баромад намуда, иброз дошт, ки барои ҳифз намудани ҷавонон аз ин пайомади номатлуби замони муосир дастҷаъмона талош варзанд. Ба дассисаҳои иғвогаронаи гурӯҳҳои террористӣ дода нашаванд. Аз ҳамагон даъват ба амад овард, ки ба ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатианд, моҳияти Ватан меҳанро фаҳмонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg