БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақсади аслии ҳизб саодати халқи кишвар аст

БОХТАР. Дар маҳалаи Ғайрати шаҳри Бохтар  оид ба Соли тақвияти робита бо маҳал ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор градид. Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал, эмомхатиби масҷиди марказии вилояти Хатлон Нуров Усмоналӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада, дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ суханронӣ намуда қайд кард, ки ки имрӯзҳо  дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Бо боварии комил аз минбари баланд гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза  хоҳанд бурд.

Сипас, мавсуф дар идома дар бораи таърихи  таъсисёбии 24-умин солгарди ҲХДТ баромад намуда  иброз дошт, ки  дар шароити гуногунандешии сиёсӣ ва мавҷудияти бисёрҳизбӣ масъулияти мо ҳамчун ҳизби ғолиб, ҳизби  парлумонии кишвар дар ҷомеа ниҳоят калон аст. Мақсади аслии ҳизб саодати халқи кишвар буда,  бо дигар ҳизбу ҳаракатҳои  дар доираи қонун фаъолият мекунанд, робитаи созанда дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg