КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коллеҷи хусусии тиббӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимнан мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ҳозиринро ба муносибати 24-солагии таъсисёбии ҲХДТ табрик намуда, мавсуф қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳадафҳои аслиаш ин дар канори халқ будану мардумро ба корҳои созандаю бунёдкорона раҳнамун намудан аст. ҲХДТ- ҳизби мардумист ва барномаи он танҳо барои манфиатҳои халқ равона гардидааст. Ва шиори ҳизб таҳти унвони “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” бозгӯи он аст, ки мақсади асосиаш таъмини зиндагии босаодати мардум мебошад.
Дар охир оид ба паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ фикру андешаҳо баён гардиданд.