БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ –тарғибгари анъанаҳои миллӣ дар маҳал

ҚУБОДИЁН.  Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Қубодиён дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии  ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён вобаста ба Соли тақвияти робита бо маҳал ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин  вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур доираи васеъи занони хонашин ва ҷалби занони ҳунарманд бо намоиш додани ҳунарҳои мардумӣ ҷамъ омада,  маҳсули дастони хешро ба маърази тамошо гузошта буданд.

Зимнан дар қисмати сиёсии вохӯрӣ Ваҳобиддин Абдуллоев дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумларушди ҳунарҳои мардумӣ бо шаклу услуби замонавӣ, ҷалби шаҳрвандони бекор ба корҳои хонагию  касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ, ба меҳмонони хориҷиву дохили пешниҳод намудани  намунаи  ҳунарҳои мардумӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ,  тарбияи дурусти  фарзандон  дар роҳи ватандӯстӣ, пешгирии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон аз шомилшавӣ ба ташкилотҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ, расидан ба қадри  заҳматҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арҷ гузоштан ба арзишҳои воло,  тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мулоҳизаҳои хешро баён дошта, занону модарони ҳунарманди  маҳалро барои боз ҳам сайқал додани касбу ҳунарҳое, ки аз ниёгон ба мо мерос мондаанд, маслиҳатҳои муфид дод.

Дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ  масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар он қуроқдӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, намудҳои сӯзанидӯзӣ, попурӣ, зардӯзӣ, аз риштаҳои ранга бофатани либоси  гарми зимистона ва хӯрокҳои гуногуни миллӣ ба маърази тамошо гузошта буданд, дидан карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg