БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” барои ҳалли мушкилоти сокинон зарур аст

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон барои боздид ва баргузории вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҶСНК «Тоҷикхимпром» рафта, бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷикхимпром» хониши сиёсӣ анҷом доданд.

Зимнан  и.в. муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Маҳмадрасул дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла  тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, риояи қонунҳои миллӣ, расидан ба қадри сулҳу субот,  хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарғиби  тарзи  ҳаёти  солим  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ,  тарбияи  ҳарбӣ  ватандӯстии  ҷавонон  ва  ҷалби  онҳо ба  хизмати  ҳарбӣ, тарғиби  фарҳанги  миллӣ  ва  пешгирӣ  аз  майлӣ  бегонапарастӣ  миёни  ҷавонону  занон  вокуниши  фаврӣ  ба  маводҳои  интиқодии  бебунёд  дар  васоити  ахбори  омма  ва  шабакаҳои иҷтимоӣ, муборизаи  идеологӣ  бар  зидди  терроризм экстремизм  ва  пешгирии  гаравиши  ҷавонон  ба  гурӯҳҳои  тундгаро, баргузории  чорабиниҳо  ба  хотири  огоҳ  кардани  аҳолӣ  ва  пешгирии  онҳо  аз  гаравиш ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  дар  кишвар  мамнуъи  ТЭТ  ҲНИва  Гурӯҳи  24 андешаронӣ  намуд.

Инчунин, мавсуф дар ин раванд моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвон и “Якҷоя ҳал мекунем!” мавриди баррасӣ қарор дода, иброз дошт, ки он маблағҳое, ки  дар маъракаву маросимҳо хароҷоти беҳуда мекунед,беҳтар мешуд дар обод кардани гӯшае, ҳалли мушкилоти маҳали зисти хеш сарф намоед.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg