БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Каъбаи умеди мо халқ асту бас!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “Оқсу” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Каримов Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, доир ба  тадбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва масоили беҳдошт, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат суханронӣ намуда, ҳамагонро барои дастгирии Аксияи ҳизбӣ ба корҳои созандагиву ободонӣ даъват кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg