
ВОСЕЪ. Бо мақсади вусъат бахшидан ба корӽои созандагиву бунёдкорӣ, ободонии маӽали зист, бахшида ба 24-солагии таъсисёбии ӼХДТ, истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафурови ҷамоати шаӽраки Ӽулбук бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ шанбегӣ гузаронида шуд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ якҷоя бо сокинони кӯчаи мазкур дар рафти корҳои ободонӣ бо як ҳисси ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан баҳри боз ҳам зебо ва шукуфоии яке аз гӯшаҳои диёрамон камари ҳиммат баста, саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Иштирокдорони корҳои ободониву созандагӣ кȳчаву хиёбонӽо ва назди хонаӽои худро рубу чин ва ҷўйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза карданд. Ташаббуси ватандӯстонаи ҳизбиён дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо ва дар ҳар хонадон идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ рўз то рўз вусъати тоза гирифта истодааст.