БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Курси бозомузӣ дар мавзуи «Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизби дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидои» баргузор гардид

Ҷ.БАЛХӢ. Мувофиқи нақша-чорабиниҳо дар толоори Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  курси бозомузӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидои ва кормандони масъули ҲХДТ дар мавзуи «Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизби дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидои» бо иштироки васъи раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Мачлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ва фаъолони ҳизб баргузор гардид.  

Дар курси бозомузӣ Шодиён Абдураҳим Маҳмадулло-Мудири бахши бакайдгири ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар мавзуи «Татбиқи қарорхои Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Маркази ва амалигардонии ҳадафҳои оинномави ва барномавии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидои» Наимов Маҳмадулло Раҳимович-мудири Шуъбаи таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар мавзуъи «Кадрҳо - меҳвари рушд ва устувории давлат» Ҳамидиён Илҳомҷон-Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгохи КИМ ҲХДТ дар мавзуъи «Тарзу услуби замонавии таблиғу ташвиқ бо истифода аз техналогияҳои муосири электрони ва истифодаи самарабахши ВАО дар маъракаҳои сиёси» лексия – суҳбатҳо гузарониданд.  Мақсад аз ташкили курси бозомузӣ ин мукамал намудани донишу малакаи сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ба ҳисоб меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg