БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҲЗАТИҲОИ БЕВИҶДОН ДАР МИТИНГАШОН АЗ КӮДАКОНИ НОБОЛИҒ ҲАМ СӮИСТИФОДА КАРДААНД!

ВОКУНИШ. Мардуми азизи Точикистон ифтихор дорад, ки мавқеъву манзалати Тоҷикистон таҳти роҳбарии фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналхалқӣ рӯз ба рӯз меафзояд.

Халқи Тоҷикистон новобаста ба таъсири аъзои ТЭТ ҲНИ, раисашон хоину мазҳабфурӯш Муҳиддини Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш аз гурӯҳи 24 аз оғоз ҷонибдори сиёсати ғамхоронаю оқилонаи роҳбари давлату ҳукумати Тоҷикистон буданду ҳастанд. Халқи Тоҷикистон дар симои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои худро дарёфта, давра ба давра ба сулҳу салоҳ расида барои расидан ба зиндагии шоистаю арзанда муваффақ гардида истодаанд. Ташаббусҳои Сарвари давлатамон вобаста ба аҳамияти об, барқарорсозию таъмини сулҳу оромӣ дар минтақа аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, обрӯю таъсири кишвари моро дар ҷаҳон баланд бардоштааст.

Маҳз барои исбот як санаи таърихиро мисол меорем, ки 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳои олам ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба кор дароварда шуд.

Бидуни замон, сиёсати Пешвои миллат, Роҳбари кишварамон дар самти обод кардани Ватан, ҳифзу тақвияти сулҳу ваҳдати миллӣ аз ҷониби тамоми мардум ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳам пурра дастгирӣ меёбад.

Мутаассифона, аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи наҳзатиҳо дар кадом як гӯшаи Германия, ки ҳатто бинои Сафорати Тоҷикистон  дида намешавад, кадом як ҳамоише бо иштироки кӯдакони ноболиғ ташкил карда, бо бетамизиҳои ба худашон хос аз номи халқи Тоҷикистону тоҷикони муҳими Аврупо баромад намуда истодаанд. Инҳо ҳатто кӯдакони маъсумро ҳам дар корҳои ҳароми худ ҳамроҳ карда истодаанд.

Ин гурӯҳаки хоину мазҳабфурӯшон, бо даъвоҳои беасосе мехоҳанд, тоҷикони хориҷи кишвар, маҳз тоҷикони муқими Аврупоро ба «тазоҳурот» даъват намоянд, ҳамватанони азизи моро мебояд бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ, аз ҳадафҳои шуми ин ташкилоти ифротию террористӣ биандешанд. Андеша аз он кунанд, ки фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар хориҷ домест, ки сахт хатарафзо аст.

         Дар ҳар қадаме барои мо сад дом аст,

         Дар дом фитад ҳамон касе к-ӯ хом аст.

         Шайтон, ки миёни мо низоъ андозад,

         Дар зери ниқоби наҳзати ислом аст.

Бояд қайд кард, ки нодида гирифтани тамоми пешравиҳо ва ободию озодии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарону фаъолони фирории ташкилоти мамнуъ ва ТЭТ ҲНИ, бо мақсади иғвоангезию бадномсозии давлату миллати мо ҳар гуна маводи хабарии туҳматкунандаро дар расонаҳои интернетии ифротиашон паҳн менамоянд. Наҳзатиҳои хоину мазҳабфрӯш, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, дар Аврупо панаҳ бурдаанд, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопок ва иҷрои супориши сармоягузорони хориҷиашон мехоҳанд боз ҳам ақидаҳои зиддимиллии худро сари мардум ва хусусан онҳое, ки имрӯз дар хориҷа муҳоҷир ҳастанд, бор кунанд.

Вале Муҳиддин Кабирӣ бо пайравони ТЭТ ХНИ-ашон набояд фаромӯш кунанд,ки ин пикету ҳамоишҳояшон дигар рӯҳияи озодихоҳӣ, ватандӯстӣ ва созандагии мардуми моро шикаста наметавонанд.

Бо боварии комил гуфта метавонам,ки, мардуми Тоҷикистон ин чорабиниҳои иғвоангезро пуштибонӣ нахоҳад кард ва бахусус ҷавонони тоҷик, чӣ дохилу чӣ хориҷӣ кишвар ҳамеша аз робита бо аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи наҳзати исломӣ дӯрӣ меҷӯянд. Дар маҷмӯъ халқи Тоҷикистони ватандӯст аз ин тоифа наҳзатиҳои хоину мазҳабфурӯш безор ҳастанд!

Муҳаммаддовуд ҲАЛИМОВ – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg