БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён аз тарзу услуби замонавии таблиғу ташвиқ бохабаранд

ХУРОСОН. Дирӯз  курси ҷумҳуриявии бозомӯзии бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон дар мавзӯъи «Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ» баргузор гардид.

Дар семинар-машварат Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар мавзӯъи «Татбиқи қарорҳои Мағҷлиси КИМ ва амалигардонии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ», Наимов Маҳмадулло мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар мавзӯъи «Кадрҳо-меҳвари рушд ва устувории давлат», Ҳамидиён Илҳомҷон мудири шуъбаи кор бо ғавонон ва занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар мавзӯъи «Тарзу услуби замонавии таблиғу ташвиқ бо истифода аз технологияҳои муосири электронӣ ва истифодаи самарабахши ВАО дар маъракаҳои сиёсӣ», Иброҳимзода Неъматулло муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар мавзӯъи «Вобаста ба вазифаҳои минбаъдаи сохторҳои ҳизбӣ», Подшоҳзода Нуринисо Кароматулло узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, муовини раиси ноҳияи Хуросон ва Саидзода Раҳмон Азим раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ намуда,  ҳамагонробо 24- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  шодбош гуфтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg