БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ муаррифкунандаи таъриху фарҳанг ва анъанаҳои неки ниёгонанд!

ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти «Истиқлол»-и ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғафорова Насимахон ва сокинони деҳаи болозикр доир гардид.

Дар чорабинии мазкур тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулотҳои кишоварзии дастранҷи мардуми деҳа ба намоиш гузошта шуда буд. Ҳамчунин, дар чорабинӣ бонувони ҳунарманди маҳалла чанд навъ хӯрокҳои миллиро омода намуда будан, ки ҳунари катбонугии хешро ба дигарон хуб нишон доданд.

Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова вобаста ба амалӣ гардидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла, сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо мақсади таъмини солимии маънавиёти ҷомеа, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа ва тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа муфасал баромад намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg