БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар иҷрои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ худро масъул медонем

ХОВАЛИНГ. Дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату вохӯрӣ ва хонишҳои сиёсӣ дар деҳаю маҳалла ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар беморхонаи Шукнов аз рӯи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд. Дар назди ҷамъомадагон мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Сатторов баромад намуда, ҳозиринро ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ аз номи Кумитаи иҷроияи ҳизб табрик намуд.

Сипас, мавсуф дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки иҷрои онҳо зиндагии пурсаодати мардуми моро таъмин менамояд, ба таври муфассал маълумот дод. Иштирокчиёни хониши сиёсӣ аз баромад дар бораи зарурат ва аҳамияти сарфаю сариштакорона истифода намудани нерӯи барқ, хатари афзояндаи терроризм ва ифротгароӣ, оқибатҳои фоҷиабори гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ,  бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона, истифодаи ғайримақсаднок  аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ маълумоти кофӣ ба даст оварданд.

Саидҷалол Сатторов дар баромадаш дар бораи моҳияти хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботҳои қонунҳои ҷорӣ, аз ҷумла қонунҳои миллӣ,  нақши урфу одат ва анъанаҳои миллӣ дар тарбияи насли наврас маълумот дода, аҳли нишастро ба иҷрои онҳо роҳнамун сохт.

Кормандони Маркази ВНМО М. Мирзоева  ва Сафаралӣ Қаюмов дар баромадашон бо ҳамкасбони худ оид ба бемории ВНМО ва СПИД, роҳҳои гузариш ва пешгирии он бо факту рақамҳои ҳайётӣ андешаронӣ кард.

Дар охир кормандони беморхона Н.  Мирзоев, С. Сайвалиев, С.Партоева ва чанде дигарон баромад намуда, барои чунин суҳбати муфид изҳори миннатдорӣ намуда, дар иҷрои самтҳои мазкур худро масъул ва вазифадор донистанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg