БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҷлил аз Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ

ШАҲРИТУЗ. Дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Хушодӣ"-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритуз чорабинии сиёсӣ бахшида ба Рӯзи таъсиисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки фаъолони ҳизб ва муовини раис - мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ачилдиев Турдимурод  гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинӣ раиси Ташкилоти ибтидоӣ  М.Султонов ҳозиринро хайрамақдам гуфта, бо ин ҷашни фархунда табрику муборакбод  намуд.

Баъдан  Ачидиев Турдимурод  ҷамъомадагонро бо ин санаи муҳими таърихӣ  муборакбод гуфта, оид ба таърихи таъсисёбии ҳизб, фаъолияти он дар солҳои гузашта ва ҳозира маълумот дод.

Баъд аз дар фазои тантанавии Рӯзи таъсисиёбии ҲХДТ  аъзои нави  ҳизб аз ҳисоби кормандон ва омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат ба сафи ҳизб қабул карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg