БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нақши ҲХДТ дар пойдории Ваҳдати миллӣ бузург аст!

ҲАМАДОНӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар мавзўъи «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пойдории Ваҳдати миллӣ» Конференсияи ноҳиявӣ бахшида ба 24-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ташкилоту муассисаҳо, аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» гузаронида шуд.

Конференсияробо сухани ифтитоҳӣ раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат кушода, ҳамагонро бо ин санаи муҳими таърихӣ 24-солагии таъсисёбии ҲХДТ табрику  муборакбод гуфт.

Баъдан муовини раиси ноҳия Тағаймуродзода Санифа дар бораи нақши ҲХДТ дар пойдории Ваҳдати миллӣ баромад кард.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони ҷамоати деҳоти Чубек Гадоӣ Сайдалиев, омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, вакили Маҷлиси вакилони ноҳия Садбарг Иззатова ва менеҷери бахши бистарикунонӣ, вакили Маҷлиси вакилони ноҳия Ҷурахон Малиқоев дар бораи мақоми ҲХДТ дар пойдории Ваҳдати миллӣ баромад намуданд.

Аз номи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло ба муовини раиси ноҳия Тағаймуродзода Санифа ва мудири бахши фарҳанги ноҳия Карим Шарифов барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ-сиёсӣ ба муносибати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар охир кормандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия хотири ҷамъомадагонро бо суруду рақсҳои дилошуби худ болида гардониданд

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg