БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии «Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  омадааст: соли 2017 аз ҷониби баъзе хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ нисбати соли 2016 зиёд  шудааст. Ин бонги изтиробу ташвиш ҳар яки моро водор месозад, ки коррупсияро ҳамчун падидаи номатлуб шиносем ва хатари онро ба амнияту Истиқлолияти давлатӣ бештар дарк намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg