БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҳизби дорои масъулияти баланд ва мавқеи устувор дар ҷомеа

ТЕМУРМАЛИК. Ҷиҳати  дар  амал татбиқ намудани ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба ҳарчи бештар тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ бо маҳал дар асоси ҷадвали вохӯрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия  дар деҳаи Оличабулоқ и ҷамоати деҳоти Қарақамиши ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони деҳа  баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзожда Маҳмадсаид  иштирок дошта,  дар бораи  Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ – ҳамчун ҳизбӣ дорои  масъулияти баланд,  роҳи пуршарафи тайкардаи он, хизматҳои беназири Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада,  ҳаимагонро табрику муборакбод гуфт.

Инчунин, доир ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо иштирок ва  ҳамкории бевоситаи вакили ҷамоат , сокини деҳа Саторов Убайдулло  ва  фаъолони деҳа  гузаронида шуд.  

Сипас, дар қисматифарҳангии вохӯрӣ  бо иштирок ва фарогирии зиёда аз 150  нафар ҳунармандону кишоварзони  моҳири маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил  карда  шуд. Зимни  намоиш    сокинони деҳа, дастовардҳои ҳунарии худро   ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар охир  Раҷабзода Маҳмадсаид ва намояндаи ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус  Саймаҳмуди Саймуҳидин ба ташкилкунандагони намоиши ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg