БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҳизби пирӯз ва пешоҳанги ҷомеа

ЛЕВАКАНТ. Дирӯз дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Конференсияи илмӣ- амалӣ бахшида ба  24-солагии таъсисёбии ҲХДТ таҳти унвони «ҲХДТ-ҳизби пирӯз ва  пешоҳанги ҷомеа » баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар оғоз намуда, иброз дошт, ки ҲХДТ  таҳти сарварии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 24-соли фаъолияти худ собит намуд, ки бо ҳарфу амали созанда ва таблиғоти  ба рушди минбаъдаи давлату кишвар равона гашта, метавон роҳҳои  ҳаллу фасли тамоми душвориҳоро пайдо кард ва пешравиҳои рӯзафзуни давлату ҷомеаро таъмин намуд.  Аз инҷост, ки эътимоди мардум ба ҳизб зиёд гашта, ҳамеша омодаанд, ки аз ташаббусҳои наҷибу бунёдкоронаи ҲХДТ дар амри ободиву пешрафти Ватан ҷонибдорӣ намоянд.

Инчунин, дар идома муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова дар бораи ҲХДТ -ҳизби ғолиб ва пирӯз, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот  Суҳроб Валиев таҳти унвони Эмомалӣ Раҳмон -равшангари дилҳо дар ҳар як хонадон, мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ  Шаҳло Шомудинова  оид ба бузургии миллати тоҷик аз Пешвои миллати мост, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Ризомова Гуландом  Роҳнамои мо ҷавонон Пешвои миллат аст  фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд.

Дар охир ба аъзои ҷавони ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Инчунин ба фаъолони ҲХДТ, ки саҳми арзандаи худро дар  баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ гузоштаанд, бахшида ба 24-солагии ҲХДТ бо  Сипосномаи ҳизбӣ  қадрдонӣ  карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg