БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи ҷавонон аз дассисаҳои террористону экстремистон муборизаи дастаҷаъмиро мехоҳад

ПАНҶ. Дар доираи нақша–чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ таҳти унвони “Ҳифзи ҷавонон аз дассисаҳои ҳизбу ҳаракатҳои террористию  экстремистӣ”, ки ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб марбутанд,  бо фаъолон ва аъзоёни ҳизби ташкилоти ибтидоии Регистони ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ  сӯҳбат доир гардид.

Дар рафти баргузории вохӯрӣ Файзиев Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ,  Шомаҳмадзода Музафар – мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот ва намояндагони ҷамоати деҳоти Намуна иштирок намуда, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки аввалан ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ инро тақозо менамояд ва ҳамзамон оид ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба пешравии иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд,   баромадҳо  намуданд.

Дар фарҷоми  вохӯрӣ оид ба масъалаҳои баррасигардида, баҳсу мунозираҳои судманд доир гардида, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар баланд бардоштани маърифати динӣ ва сиёсии ҷавонон, дуруст  ба роҳ мондани корҳои таблиғоти нисбати ғояҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва инчунин фаҳмондадиҳии моҳият, оқибат ва пайёмадҳои гурӯҳҳои ифротӣ саҳмгузор буда, баҳри иҷрои қонунҳои амалкунандаи кишвар бетараф набошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg