БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таблиғот тавассути корҳои созандагиву ободонӣ

Н.ХУСРАВ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бахшида ба 24-солагии таъсисёбии ҲХДТ  ва сазовор  истиқбол гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  ташкилоту муассисаҳо бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  шанбегии умумӣ  доир гардид, ки дар он барои беҳтар намудани муҳити зист шанбеги баргузор гардид.

Иштирокдорони шанбегӣ  бо шукргузорӣ  аз фазои орому осудаи кишвар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  атрофи биноҳои маъмурӣ,  ҷӯйҳои обгузар,   роҳравҳоро  аз партову алафҳои бегона  тоза  ва  бехи  дарахтони ороишиву сояафканро  нарм  намуданд.

Чунин корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди ноҳияи  Носири Хусрав бомаром идома дошта, аҳли заҳмати ноҳия ният доранд, ҷашнҳои пурифтихори миллатро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg