КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён бо занони фаъоли ноҳия вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, оид ба 24-умин солгарди таъсисиёбии ҲХДТ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ватандӯстӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028”, ҷалби ҷавонон ба корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи эълон кардани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа андешаронӣ карданд.