
КӮЛОБ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Дӯстӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бо мақсади сазовор ва хотирмон ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал имрӯзҳо дар тамоми деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ бомаром идома доранд, гуфта шуд дар баромади Валиева Саъбагул.
Ҳамзамон мавсуф қайд намуд, ки баҳри дар маҳаллҳо ба роҳ мондани баъзе аз ҳунарҳои дастии қадима, ки ба вартаи фаромӯшӣ рафта буданд ва ҷилло додани истеъдодҳои тоза дар соҳаи ҳунарҳои қадимаи тоҷикон баргузории чунин ҳамоишҳо таъсири мусбӣ мерасонад.