БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ асоси эҳёи анъанаҳои неки ниёгон

ҚУБОДИЁН. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал дар кӯчаи Восифии ҷамоати шаҳраки Қубодиён  тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои бардумӣ ва бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ваҳунарҳои мардумӣ  намоиши ҳунарҳои мардумӣ  баргузор карда  шуд.

Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ваҳобиддин Абдуллоев иштирок дошта, зимни суханронӣ иброз кард, ки аз   ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсии имрӯзаи кишвар зиёд буда, иштироки онҳо дар идоракунии давлат, ишғол намудани занон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ, барои баланд бардоштани мақом ва манзалати занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.        

Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуда, занону духтарон метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани касбу ҳунарҳо шароити иқтисодии худ ва атрофиёнашонро бо ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ бахшанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg