БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби арзишҳои миллӣ-рисолати мост

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо ва хонишҳои сиёсӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар бинои Тоҷиктелеком  бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷиктелеком» хониши сиёсӣ баргузор карданд.

Дар ҷараёни хониши сиёсӣ и.в. муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Маҳмадрасул дар бобати ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ содир гардид ва дар натиҷа чанд нафар сайёҳони хориҷӣ захмӣ шудаву чанд тани дигар ба ҳалокат расиданд, изҳорӣ нигаронӣ намуда, мардумро барои муттаҳид будан, тарбияи дурӯсти наврасону ҷавонон, риояи қонунҳои миллӣ, расидан ба қадри сулҳу субот  хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарғиби  тарзи  ҳаёти  солим  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ,  тарбияи  ҳарбӣ  ватандӯстии  ҷавонон  ва  ҷалби  онҳо ба  хизмати  ҳарбӣ, тарғиби  фарҳанги  миллӣ  ва  пешгирӣ  аз  майлӣ  бегонапарастӣ  миёни  ҷавонону  занон  вокуниши  фаврӣ  ба  маводҳои  интиқодии  бебуниёд  дар  васоити  ахбори  омма  ва  шабакаҳои иҷтимоӣ, муборизаи  идеологӣ  бар  зидди  терроризм экстремизм  ва  пешгирии  гаравиши  ҷавонон  ба  гурӯҳҳои  тундгаро, баргузории  чорабиниҳо  ба  хотири  огоҳ  кардани  аҳолӣ  ва  пешгирии  онҳо  аз  гаравиш ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  дар  кишвар  мамнуъи  ТЭТ  ХНИТ, Гурӯҳи  24 ва ғайра ҳидоят намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg