БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҳизби роҳнамо ва таблиғгари корҳои созанда

ДӮСТӢ.   Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва собиқадорони ҲХДТ  Рӯзи таъсисёбии ҳизб дар фазои тантанавӣ ҷашн гирифта шуд.

Дар ҷашни  фархундаи 24-солагии ҲХДТ узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол  ва и.в.раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абдулҳафиз Қурбонов иштирокдорон, аъзо ва  ҷонибдорони  ҳизб-ҳамчун ҳизби  роҳнамо ва таблиғгари  корҳои созандаро  табрику шодбош гуфта, ба 10 нафар фаъолони ҳизб, ки дар давоми 6 моҳаи 2-юми соли равон барои амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳм гузоштаанд,  Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстиро дар вазъияти идона  тақдим карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg