БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Фарҳанг таҷассумгари симои маънавии халқ аст!

ВАХШ. Бо ташаббуси кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии   «Озодии Меҳнат»-и  ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти  Тоҷикистон бо  сокинони  маҳал доир ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ  ва  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ  доир карда шуд.   

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Вахш  Худойдод Ёров  иштирок дошта, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз таърихи таъсисёбии  ҲХДТ,   эълон гардидани соли 2018  ҳамчун   Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ карда,  сокинонро барои  дар  амал татбиқ  намудани  сиёсати ватандӯстонаи  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон   ва ҳадафҳои  созандаи ҲХДТ  роҳнамоӣ  кард.

Инчунин, дар чорабинӣ  намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ  аз тарафи мардуми деҳа  ташкил  карда  шуд, ки дар ин намоишгоҳ  анвои гуногуни  нонӣ, қуроқдӯзиву гулдӯзӣ, зардӯзӣ ва дигар намуди дӯхтаниҳо  гузошта  шуда буданд.     

Дар охир иштирокдорон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, ба ҳунармандони деҳа дар пешрафти корашон барору комёбӣ таманно карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg