БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ– ҳизби зодаи истиқлоли кишвар буда, он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор додааст

БОХТАР.  Бо ташабуси шуъбаи кор бо ҷавонон ва шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бахшида ба таҷлили 24-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ дар Коллеҷи тиббӣ шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизби «Абӯалӣ Ибни Сино» чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло, мудирии шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан  ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  Ҳакимова Волида иштирок дошта,  ҷамъомадагонро бо Рӯзи таъсисёбии  ҲХДТ шодбош гуфтанд.

Зимнан чорабиниро мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Ҳакимова Волида кушода,  мақсад аз ҷамъомадро ба ҳамагон фаҳмонид.

Баъдан Дилафрӯзи Абдулло ба сухан баромада , ҳамагонро ба 24-солагии  таъсисёбии ҲХДТ табрику муборакбод намуда, дар хониш ва кору фаъолияти минбаъдаи устодону омӯзгорон вадонишҷӯён   бурдбориҳо орзу карда, қайд намуд, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии ҲХДТ қувваҳои зеринии ҷомеа ба ин ҳизб таваҷҷуҳ пайдо карда, бо роҳбарӣ ва ҳидояти Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд ҷомеаро аз вартаи нестӣ раҳо бахшанд. ҲХДТ дар замони соҳибистиқлолии Ватани азизамон таъсис ёфта, ба саҳнаи сиёсии мамлакат ворид гардидааст. Дар ин бора Раиси муаззами  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барҳақ таъкид доштаанд, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби зодаи истиқлоли кишвар буда, он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор додаву барои садоқати халқ ва ободии Ватан саъйю талош меварзад.

Инчунин, дар идома  Ҳакимова  Волида оид ба фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгириӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ баромад намуд.

Дар охир аз ҷониби донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ маърӯзаву шеърҳо, сурудҳо ва ба хотири болидахотири  иштироккунандагон саҳначаи ҳаҷвӣ ва рақсҳои дилнишине пешкаш гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg