БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи асосии ҲХДТ беҳдошти рӯзгори мардум аст

БОХТАР. Бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Ҳоҷӣ Шариф» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Раҷабализода Парвиз ва мутахасиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Исоев Фаррух иштирок ва андешаронӣ намуданд.  Инчунин, дар ин вохӯрӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Сайидҳасанов Акбар ба сухан баромада, оид ба иштироки фаъолона дар чорабиниву вохӯриҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ҳадафҳои барномави ҳизб фикру ақидаи худро иброз дошт.

Сипас   дар идома Раҷабализода Парвиз ба сухан баромада ҳамагонро ба ин рӯзи фархунда 24-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ табрику муборакбод намуда, дар кору фаъолияташон бурдбориҳо орзу намуда қайд дошт, ки ба бахти миллати тоҷик зимоми давлатдорӣ ба дасти шахсияти боирода ва миллатдӯсту ватанпарвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омад ва ӯ бо вуҷуди ҳама мушкилиҳои замон ва зиддиятҳои мафкуравӣ дар андешаи созмон додани ҳизбе афтод, ки тавонад тавассути он миллатро аз буҳрони амиқи идеологиву сиёсӣ берун созад.

Ҳамин тавр дар,  ҷанги шаҳрвандӣ 10.12.1994 ҲХДТ таъсис ёфт. Тавре Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар китоби худ таҳти унвони «Бист қадами созанда» бахшида ба 20-солагии ҲХДТ бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо навиштаанд: «Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро таъсис додем. Мо ба хотири  ваҳдати миллӣ дар сафи ин ҳизб ҳам коммунистон, ҳам демократҳо, ҳам аъзои Растохезу ҳам диндорон, ҳам фронти халқиву ҳам намояндагони аҳзоби мухталифро пазируфтем. Зеро ғояи аслии ҳизби мо, ки дар давраи ҷангу ҷидол ҳамчун як қувваи сиёсии муътадил ба вуҷуд омада буд, ин пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ мебошад. Мо барои ғояҳои гурӯҳии худ ҳадафҳои  миллӣ даст кашида наметавонем. Мо бо мардум будем, мардум бо мо буд». 

Дар  идома шахси масъули ташкилоти ибтидоии ҳизби  Назаров Нурмаҳмад оид ба ҷамбасти фаъолияти ташкилот дар корҳои ҳизбӣ, чорабиниҳо, вохӯриву суҳбатҳо ҳамкорӣ бо ҳизб дар як соли сипаригаштаистода ҳисобот дод.

Дар охир ба 5  нафар шахсоне, ки фаъолияти хуби кор доранд, бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар қадрдонӣ карда шуд ва ба 6 нафаре, ки барои пайвастан ба сафи ҳизб ариза пешниҳод намуда буданд,  шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg