БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хоинони ватанфурӯш ба ояндаи дур назари нек надоранд

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин  Шоҳин дар деҳаи Пистамазор   доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Ҳошимов Абдураҳим мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва ба истифода додани якумин чархаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун  суханронӣ намуда, афзуд, ки ба кор даромадани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун   бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16. 11. 2018  баҳри ободии кишвар ва мустаҳкам гардидани пояҳои Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии азизамон мусоидат менамояд. Аз ин рӯ мардуми мо набояд, ки суханони баъзе кӯрбинону  нотавонбинони миллатро зери дастдандаркорони хоҷагони хориҷӣ  ба монанди Кабирӣ гӯш диҳанд. Зеро ин тоифаи одамон фақат имрӯзи худро мебинанду ба ояндаи дур назари нек надоранд.

Баъдан Асағолов Алиҷон муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия  ба сухан баромада,  дар бораи терроризм ва экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ суханронӣ кард.

Дар охир сокинон суханрониҳои  судманди  масъулинро  якдидлона дастгирӣ  намуда,  амалҳои зишти ҳизбу  ҳаракатҳои ифротиро  сахт маҳкум намуданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg