БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ маромаш хизмат ба халқу Ватан аст!

ҲАМАДОНӢ. Дар маҳаллаи ба номи Маъруфхуҷа Баҳодурови ҷамоати шаҳраки Москва чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ ба муносибати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ бо иштироки муовини раиси ноҳия Санифа  Тағаймуродзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода ва шоири шинохтаи тоҷик Алимуҳаммад Муродӣ баргузор гардид.

Сараввал меҳмонон аз ҳунарҳои мардумии маҳалла дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Аз урфу одатҳои қадимаи тоҷикӣ саршӯёни арӯс диққатҷалбкунанда буд.

Зимнан муовини раиси ноҳия Санифа  Тағаймуродзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода ва шоири шинохтаи тоҷик Алимуҳаммад Муродӣ дар назди ҷамъомадагон дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, дар бораи соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар бораи ба кор даромадани чархаи аввали НБО-и Роғун ва 24- солагии таъсисёбии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки мақсаду маромаш  хизмат ба халқу Ватан аст,  суханронӣ карда, иштирокдоронро бо ин рӯзи фархундаи давлату миллаттабрику муборакбод гуфтанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия хотири ҷамъомадагонро болида гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg