БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: Камолоти зеҳнии наврасон кафолати фардои шукуфон

ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Боғчаи №5" хониши сиёсӣ доир  ба 24-умин солгардии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Шаҳбози Искандар муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  дар назди ҳозирин оид ба хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар таъсисиёбии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  нақши барҷаста  дорад,  баромад намуда,  ҷамъомадагонро  ҷашни пурифтихори миллат шодбош гуфт.

Зимни баромади хеш мавсуф атрофи ҳадафҳои Барономавию Оинномавии ҲХДТ ва дар мавзӯъи тарбияи кӯдакон дар руҳияи ватандӯстию хештнашиносӣ суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, дар идома атрофи пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳангӣ бегона андешаронӣ карда шуда, моҳият, зарурат, бартарият додан ба фарҳанги миллӣ ва рӯ овардан ба он пурра таҳлилу баррасӣ карда шуд.

Ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Боғчаи №5" аз баргузории чунин хонишҳои сиёсӣ ба масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия изҳори миннатдорӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg